Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар маросими тақдими туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон инъикоскунандаи нақши назаррас ва рамзи аҳаммияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.

Тоҷи кунгурадор бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик - ибтидои давлатдории Кушониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита  дорад. Реша ва асли калимаи “тоҷик” аз вожаи “тоҷ” ва маънояш тоҷдор, яъне давлатдор мебошад.
Сурат: Хадамоти матбуоти президенти ҶТ

“Ин нигора, ҳамчунин, таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз замонҳои қадим дар руҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар дар руҳияи сулҳу субот ҳамзистӣ доштааст,  муаррифӣ мекунад”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин ҳадя, ҳамчунин, саъю талоши ҳамаҷониба ва дастгирии мардуми тоҷикро аз ҳадафҳо ва арзишҳои СММ дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо дар заминаи эҳтироми усули баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо тавассути таърих, санъат ва маданият бозгӯӣ менамояд.

Сурат: Хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар охир сарвари давлати Тоҷикистон изҳори умед кард, ки давлатҳои аъзои СММ ва меҳмонони ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ бо дидани нигора аз фарҳангу таърихи бостонии мардуми мо - тоҷикон ёдовар хоҳанд шуд.

Дар рӯзи ҷашни Наврӯз, 21 март Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, ки баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сурат: Хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад.

Дар ин рӯз президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерриш
Сурат: Хадамоти матбуоти президенти ҶТ

“Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ  бо СММ ва давлатҳои аъзои он ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд”, - зикр мегардад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои барқароркунии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм баррасӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.