Дирӯз, 22-юми март, дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд бо иштироки роҳбарони вилоятҳо - Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек низ ширкат варзиданд.
Манбаъ менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини зиндагии орому осудаи мардуми наздимарзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марзро муҳокима намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш додаанд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.
“Мардуми наздимарзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд”, - таъкид гардидааст дар мулоқот.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот итттилоъ дода шудааст, ки “бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст”.
Гуфта мешавад, дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин низ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки мушаххасан дар ин замина чӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳои навбатӣ Қирғизистон аз 21 майи соли 2021 якҷониба сарҳади худро бо Тоҷикистон баст
Охирин муноқишаи бузург миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар марзи миёни ҷонибҳо рух дод, ки дар он беш аз 100 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шуданд.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
450 шатранҷбоз аз 13 кишвар. Гузориш аз мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ дар Душанбе
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста