Имрӯз, 29-уми август, дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии сафорати Фаластин дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бинои Сафорати Фаластин дар кӯчаи Л.Толстой, 2 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир аст ва он расман соати 17:00-и имрӯз боз мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Риёз Ал-Малик
Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Қаблан вазифаи сафири Фаластин дар Тоҷикистон ба дӯши намояндагии дипломатии ин кишвар дар Тошканд вогузор шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз бо Риёз Ал-Малик, вазири умури хориҷии Фаластин, ки бо як сафар дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.

Сарвари давлат дар мулоқот аҳамияти ин иқдомро дар ҳамкориҳои ду кишвар зикр кард.

Инчунин, ҷонибҳо ба рушди равобити дуҷониба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 6 марти соли 1992 барқарор шуда, дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо лоиҳаи 7 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.