Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмои Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.
“Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо СММ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.
Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.
Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст.
"Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содир мешавад", - изҳор шуд зимни мулоқот.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста