Дар нақшаи сафари Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, ӯ як рӯз дертар, 8-уми ноябр, вориди Душанбе хоҳад шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки Иброҳим Раисӣ 7-уми ноябр ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.
Аммо сабаби ба таъхир андохтани сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон маълум нест.
Дар доираи ин сафар, рӯзи 8-уми ноябр, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ҳамчунин мулоқоти ҷонибҳо дар ҳайати васеъ дар назар аст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки роҳбарони ду кишвар дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Субҳи 9-уми ноябр Иброҳим Раисӣ аз Душанбе ба Тошканд, ки дар он ҷо нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад, парвоз мекунад.
Бояд гуфт, ки ин дуввумин сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.
Ӯ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омад ва аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.
Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон баъди 9 соли таваққуф ба соли 2022 ба Эрон, кишвари форсзабоне, ки дар гузашта шарики стратегии Тоҷикистон ном бурда мешуд, сафар кард.
Бояд гуфт, ки муносибати Тоҷикистон ва Эрон муддате ба далели сӯйитафоҳум дар шинохти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом тира гашта буд.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста