Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ва гуфтугӯи хосаи онҳо, ки имрӯз, 8-уми ноябр, дар Душанбе ҷараён гирифт, миёни ду кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба лағви раводид имзо гардид. Ёддошти тафоҳумро вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён имзо кардаанд. Дар ин бора хабарнигори “Азия-Плюс” аз Қасри миллат иттилоъ дод.
Пас аз анҷоми мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки бо Иброҳим Раисӣ “санади муҳим - лағви раводид байни ду кишварро ба имзо расонид, ки ин барои рафтуомади шаҳрвандон ва рушди ҳамкориҳои ояндаи ду кишвар замина хоҳад гузошт”.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ низ зимни суҳбат бо "Азия-Плюс" тасдиқ кард, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимол баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки то ин замон миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид ҷорӣ буд ва шаҳрвандони ду кишвар бидуни дастрас кардани он ба давлатҳои ҳамдигар сафар карда наметавонистанд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо намуданд.
Баъдан дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерин имзо шуданд:
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари “Чобаҳор” байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои олии минтақаҳои озоди тиҷоратӣ-саноатӣ ва махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
— Нақшаи роҳи иҷрои Барномаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парки технологии Пардиси Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкории почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмию технологӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муовинати илмии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳад ва
— Ёддошти тафоҳум байни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ба имзо расид.
Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 19 санади нав имзо шуд.
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста