Тавре пештар хабар дода будем, дирӯз, 26-уми декабр, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон иштирок кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд.

“Масъалаи муҳими рӯзнома муҳокимаи таҳкими муколамаи сиёсӣ дар доираи иттиҳод буд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ба густариши равобити тиҷорӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни кишварҳои ширкаткунанда ва ҳамкориҳо дар заминаи амният буд”, - таъкид мекунад дафтари матбуоти раиси ҷумҳур.

Сарони давлатҳо доир ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳои муассир дар доираи ИДМ-ро таъкид намуданд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ба гузориши расонаҳои русӣ, дар ин нишаст раисиҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кардааст, ки соли 2023 барои ИДМ соли фавқулода фаъол ва пурбор буд.

Ба гуфтаи ӯ, табодули молу коло миёни кишварҳои ИДМ дар 10 моҳи ахир 2% афзоиш ёфта, 83,7 миллиард долларро ташкил додааст.

Президенти Русия аҳамияти нигоҳдорӣ ва таҳкими равобити кишварҳои муштаракулманофеъро таъкид карда, гуфтааст, дар соли оянда, ки раёсат дар ИДМ ба зиммаи ин кишвар мегузарад, самтҳои асосии ҳамкорӣ таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ бо таваҷҷӯҳ ба истифодаи пули миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона хоҳад буд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сарвари Русия роҳбарони кишварҳои ИДМ-ро ба ифтитоҳи Бозиҳои оянда дар Қазон дар соли 2024 ва ҷашнвораи ҷавонону донишҷӯён дар Сочӣ даъват кардааст.

Ҳамчунин, роҳбарони кишварҳои ИДМ аз маконҳои муҳими таърихии Санкт-Петербург дидан карда, дар барномаи фарҳангӣ ширкат варзидаанд.

Баъди анҷоми барномаи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 27-уми декабр ба Душанбе баргашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.