Парлумони Аврупо бо аксарияти овозҳо лоиҳаи қатънома оид ба Осиёи Марказиро қабул кард, ки дар он аз кишварҳои минтақа риояи уҳдадориҳои байнулмилалӣ дар самти ҳуқуқи башар даъват мешавад.
Дар овоздиҳӣ 629 вакил иштирок карда, 543 нафар ба ҷонибдории санад ва 42 вакил муқобили он раъй дода, 44 вакил аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.
Дар матни санад таҳти унвони “Гузориш дар бораи арзёбии стратегияи ИА дар Осиёи Марказӣ” аз ба таври оммавӣ беҷазо мондан барои нақзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ мешавад.
Осиёи Марказӣ як минтақаи муҳими стратегӣ барои Иттиҳоди Аврупо аст. Ҳадаф аз ин гузориш баррасии имконот ва мушкилоти ҳамкории бештар наздики Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар заминаи таҳаввулоти геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
Аз ҷумла, ҷой надоштани ҷавобгарӣ барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар миқёси васеъ, аз ҷумла аз чораҳои шадид аз ҷониби мақомот барои қатъи тазоҳуроти оммавӣ ва бетартибиҳо ҳангоми ҳодисаҳои “январи хунбор” дар Қазоқистон, инчунин дар ВМКБ-и Тоҷикистон ва Қароқалпоқистони Ӯзбекистон изҳори нигаронӣ мешавад.
Аз мақомоти ин кишварҳо даъват шудааст, ки дар мавриди арзу шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон таҳқиқи мустақил ва ҳамаҷониба анҷом диҳанд.
Илова бар ин, дар ин санад аз афзоиши шумори боздошти хабарнигорону блогнависон, инчунин таҳдиди бастани расонаҳои мустақил изҳори нигаронӣ шуда, як қатор иқдоми ахири ҳукумат барои бастани расонаҳои мустақил ва масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии онҳо маҳкум шудааст.
Аз мақомоти кишвар даъват шудааст, ки “озодии баёнро беҳбуд бахшида, ба тарсонидан ва таъқиби кормандони расонаҳо, ҳомиёни ҳуқуқи башар, адвокатҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин саркӯбкуниҳо (репрессия) хотима бахшида шавад”.
Қатънома - қарори расмӣ ё изҳороте мебошад, ки аз ҷониби созмон қабул мешавад ва маънои онро дорад, ки аъзои он ҷиҳати рӯйи даст гирифтани тадбирҳои муайян розианд. Ҳадаф аз қабули он муттаҳид намудани кӯшишҳо барои ҳалли як масъалаи мушаххас аст. Ва ҳангоме ки қатънома қабул мешавад, вақти амал фаро мерасад. Маҳз ҳамин санад аксар вақт нуқтаи ибтидоӣ барои қабули ин ё он қарор мегардад.
Ҳамчунин, бо назардошти тамоми пешниҳодҳо барои минтақа ва аз замони қабули стратегияи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар соли 2019, ки минтақа зери таъсири омилҳои назарраси беруна қарор гирифт, Парлумони Аврупо аз ИА боисрор даъват мекунад, ки бо назардошти аҳамияти геостратегии минтақа ҳамкориҳои худро бо Осиёи Марказӣ фаъол созад ва тавассути густариши ҳамкориҳо дар сатҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба шарикии стратегӣ бо ин кишварҳо мусоидат намояд.
Парлумони Аврупо аҳаммияти ҳамкориҳои фароатлантикӣ дар Осиёи Марказиро таъкид дошта, аз Иттиҳоди Аврупо даъват мекунад, ки дар таҳияи стратегияи муштараки минтақа бо ИМА ташаббус нишон диҳад, ки бояд ҳамкорӣ дар бахшҳои пешбурди демократия, сармоягузорӣ, тиҷорату иқтисод ва амнияти минтақавиро дар бар гирад.
Имконоти бузурги ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои рушди устувор, иртиботот, энергетика, ашёи хоми муҳим ва амният таъкид шудааст.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста