Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Қазони Тотористон қарор дорад, шоми дирӯз, 21-уми феврал, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки зимни вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.

Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ҷониби Русияро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” шодбош гуфт.

“Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москав баргузор гардида буд ва ҳамчунин нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузашта доиргардида баҳои баланд доданд”, - зикр мегардад.

Дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони ду кишвар зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол дар соли 2023 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ расид ва Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ дошт.

1/4

Ҳамчунин, масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ба мисли энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, маориф ва фарҳанг низ баррасӣ гардида, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омадааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 21-уми феврал, ба шаҳри Қазон сафар кард. Ӯ пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Русия, дар маросими ифтитоҳи аввалин “Бозиҳои оянда” иштирок кард ва бо забони тоҷикӣ ба иштирокчиёни он барор хост.

Дар ин бозиҳо 35 варзишгари тоҷик низ иштирок дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.