Президенти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари давлатии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ ах хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод, маросими истиқболи расмии сарвари давлати Ӯзбекистон соати 10-и субҳ дар “Қасри миллат” оғоз мегардад.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳкими равобити дӯстонаи ду кишварро баррасӣ кунанд.
Ҳангоми ҳаракати қатораи автомашинаҳои ҳукумат эҳтимол дар баъзе роҳҳои ташрифотии пойтахт ҳаракати нақлиёт муваққатан манъ карда шавад. Дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳо ва вақти он БДА ҳоло расман хабар надодааст.
Пас аз ин маросими имзои як қатор санадҳо дар бораи ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар дар назар аст.
Дар доираи ин сафар дар кинотеатри “Ватан”-и пойтахт “Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон" ҷараён доранд. Воридшавӣ ба тамошои филмҳо бепул аст.
Ҳамчунин “Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон” низ гузашта истодаанд, аз ҷумла дар боғи “Куруши Кабир” намоишгоҳи дурӯзаи имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвари ҳамсоя баргузор мешавад.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста