Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқа расидаанд, ки “ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор” диҳанд. Дар ин бора Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш баъди як ҳафтаи фишори мақомоти рус болои шаҳрвандони Тоҷикистон ва нигарониву супоридани нотаи эътирозӣ ба сафири ин кишвар дар Тоҷикитсон дар пайи банд мондану ихроҷи садҳо муҳоҷир аз фурудгоҳҳои Русия сурат гирифт.
“Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд”, - навиштааст Хадамоти матбуотии президенти кишгвар.
Манбаъ менависад, ки Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, даъват кардааст.
Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ширкат мекунад ё не.
Хадамоти матбуотии президент гуфтааст, “дар рафти суҳбати раисони ду кишвар масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт”.
Роҳбарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид карданд.
Ба иттилои ҷониби тоҷикистон президентони ду кишвра инчунин, оид ба масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро ҳамоҳанг намуданд.
Ёдовар мешавем, ки давоми як ҳафтаи охир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зиёд шуд. Барои вуруди тоҷикон ба ҳудуди Русия монеаҳои зиёд эҷод гардид. Ба садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия иҷозаи вуруд надоданд ва онҳоро бозпас ба ватан фиристоданд. Аз ҷумла тибқи иттилои ВКХ Тоҷикистон дар 4 рӯз танҳо дар фурудгоҳи "Внуково" беш аз 650 муҳоҷири тоҷикро "депорт" карданд.
Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русияро даъват ва нигаронии шадиди худро баён дошту нотаи эътирозӣ супорид. Баъдан, Сергей Лавров, вазири корҳои ҳориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои ҳориҷии Тоҷикистон занг зад ва онҳо вазъи пешомадаро баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин нигаронии амиқи худро аз вазъи баамаломада ба таври қотеъ баён кард, Сергей Лавров гуфт, “нигаронии ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунад”.
Коршиносон сабаби чунин бархурди тунди Русияро нисбат ба шаҳврандони Тоҷикистон ба ҳамалаи терроритсӣ ба "Крокус" рабт медиҳанд, ки садҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт ва 4 шаҳрвнади Тоҷикистон ҳамчун гумонбари бевоистаи ин ҳодиса ҳастанд.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Оғози музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
“Парасту-2025” ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоиза ва ҷоизаҳои дигар насиби кӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста