Муқовимат ба зӯроварӣ дар бисёр мавридҳо имконпазир аст, агар зан аз мард - зӯровари эҳтимолӣ аз лиҳози молиявӣ мустақил бошад.
Аз ин рӯ, Форуми "Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳифз аз зӯроварӣ", ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони бахши бонкӣ ва фаъолони гендериро гирдиҳам овард.
Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон 1 август баргузор шуда, дар он намояндагони ҳукуматҳо, бахши бонкӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки ба масоили баробарии гендерӣ машғуланд, ширкат варзиданд.
Форум аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Ҳадафи Форум табодули таҷрибаҳои муваффақ ҷиҳати аз байн бурдани табъизи гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҳарду кишвар буд.
Яке аз муҳимтарин панелҳои форум ба нақши зан дар рушди соҳаи бонкӣ ва соҳибкорӣ бахшида шуд.
Дар оғоз каме маълумоти оморӣ:
Тибқи маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, то 1 июли соли 2024 дар кишвар 358 ҳазору 608 андозсупоранда ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо соҳибкорони инфиродӣ (41%) ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (50%) буда, танҳо 10% корхонаҳои сабтшуда шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.
Занон танҳо аз се як ҳисса, яъне 30% ё 107 ҳазору 896 (соли 2022 - 23%) субъектҳои хоҷагидории сабтшударо ташкил медиҳанд.
Илова бар ин, аксари занон (37%) ё худ 53 ҳазору 985 нафар ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ фаъолият мекунанд, ки аз рӯи реҷаи содаи андозбандӣ танҳо барои тиҷорати хурду миёна амал мекунанд.
Дар форум зикр шуд, ки ҳар қадар тиҷорат калонтар бошад, эҳтимолияти роҳбарии зан ба он камтар аст: танҳо ба 6% ё 2 ҳазору 185 шахсони ҳуқуқӣ (ширкатҳо) занон роҳбарӣ мекунанд.
Аммо дар ҳамин ҳол, то 51 ҳазору 726 ё 50% аз шумори умумӣ зиёдшавии хоҷагиҳои деҳқониро роҳбарӣ кардани занон қобили зикр аст.
Чӣ қадар занон дар ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон кор мекунанд?
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Гулбаҳор Назирӣ зимни суханронӣ дар форум зикр кард, ки баланд бардоштани баробарии гендерӣ дар ташкилотҳои молиявӣ ба гуногунии фикрронӣ ва равишҳо мусоидат мекунад.
«Баробарии имкониятҳо барои мардон ва занон дар соҳаи молиявӣ ва бонкӣ вазъи фарҳанги умумӣ дар корхонаро беҳтар мекунад. Ҳамчунин, ҳавасмандкунии имкониятҳои баробар дар муассисаҳои молиявӣ ба беҳбудии нишондиҳандаҳои молиявӣ мусоидат менамояд», - гуфт ӯ.
Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии назди Бонки миллӣ моҳи феврали соли ҷорӣ миёни ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ назарсанҷӣ баргузор намуд. Дар он қариб ҳамаи 58 ташкилоти қарзӣ-молиявӣ, аз ҷумла 14 бонк, 19 ташкилоти амонатии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 21 фонди қарзии хурд иштирок карданд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумии кормандон дар низоми бонкӣ ҳиссаи занон дар бахши бонкӣ 41% ва ҳиссаи занони мутахассис - 46% ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла, ҳиссаи занон-кормандони сатҳи роҳбарӣ 20% аз шумораи умумии кормандони сатҳи роҳбарӣ, занони роҳбар 18% аз шумораи умумии роҳбарон ва занон дар ҳайати идоракунӣ 19% аз шумораи умумии аъзои ҳайати идоракуниро ташкил медиҳанд.
«Зикр кардан лозим аст, ки аз шумораи умумии заноне, ки дар ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ кор мекунанд, айни замон 538 зан вазифаҳои роҳбариро ишғол мекунанд, ки ҳиссаи онҳо аз шумораи умумии вазифаҳои роҳбарӣ 19,6%-ро дар ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ ташкил медиҳад», - хабар дод Гулбаҳор Назирӣ.
Дар посух ба суол дар бораи бонки худ, Назирӣ изҳор дошт, ки дар БМТ то июни соли 2024 аз шумораи умумии кормандон 257 нафар (ё 30,3%) занон мебошанд, ки 0,4 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.
Аз теъдоди умумии заноне, ки дар бонк кор мекунанд, 36 зан вазифаҳои роҳбариро ишғол мекунанд (23,5% аз шумораи умумӣ).
Муовини раиси БМТ зикр кард, ки сарфи назар аз дастовардҳои назаррас, занон ҳанӯз ҳам бо як қатор монеаҳо рӯбарӯ мешаванд. Ва дар навбати аввал, бо қолабҳои гендерӣ.
Дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ миёни занон
Директори иҷроияи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон Зебуннисо Фаттиддинова дар кори форум аз дастгирии соҳибкорзанон аз ҷониби бонку ниҳодҳои молиявӣ тариқи додани қарзҳо маълумот дод.
Ба ин тариқ, соли 2018 ба маблағи 1 млн 955 ҳазор сомонӣ 263 ҳазору 653 қарз дода шудааст
Соли 2020 - 348 ҳазору 525 қарз ба маблағи 2 млн 076 ҳазор сомонӣ
Соли 2021 - 706 ҳазору 395 ба маблағи 3 млн. 238, 70 ҳазор
Соли 2022 году - 760 ҳазору 939 қарз ба маблағи 3 млн. 729 ҳазор сомонӣ
Ва соли 2023 – 910 ҳазору 663 ба маблағи 4 млн 807 ҳазор.
Ҳамчунин, ҳамасола, шурӯъ аз соли 2006 тибқи дастури президенти кишвар барои занони соҳибкор грантҳо ҷудо мешаванд, ки онҳоро Кумитаи кор бо занон ва оила тақсим мекунад. Дар соли 2023 маблағи грантҳо 2,5 млн сомониро ташкил дода, ба 80 зани соҳибкор дода шуд. Барои соли ҷории 2024 барои 120 зан 5 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Зебунисо Фаттидинова самтҳои афзалиятнокро дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ барои васеъ намудани дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои занони соҳибкор зикр кард. Инҳо чунинанд:
- таҳияи маҳсулот ва хидматрасониҳои молиявии гендерии ҳассос ва дастрас аз лиҳози арзиш;
- сиёсати кадрии гендерӣ дар бахши бонкӣ;
- такмили нишондиҳандаҳои гендерӣ дар омори бонкӣ ва таъмин намудани саҳеҳият, фарогирӣ ва дастрасии он;
- такмили қонунгузории бонкӣ барои суръат бахшидан ба рушди дастрасии фосилавӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ (механизми содашудаи идентификатсия);
- васеъ намудани дастрасии занони соҳибкор ба технологияҳои нави молиявӣ тавассути гузаронидани тренингҳо, омӯзишҳо, машваратҳо, рақамисозии хидматрасониҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла, хидматрасониҳои ғайримолиявӣ.
Боз чӣ корҳо муҳим аст?
Муовини раиси Бонки миллӣ Гулбаҳор Назирӣ изҳор дошт, ки ҳар қадаре, ки ба занон бештар имкониятҳо дода шаванд, ҳамон қадар бахши бонкӣ пурҷараён ва устувортар рушд мекунад.
«Омӯзиш ва рушди донишу малакаҳо дар доираи муассисаҳои молиявӣ бояд барои ҳама сарфи назар аз ҷинс дастрас бошад», - таъкид кард ӯ.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Назирӣ, таҳияи барномаҳои дастгирӣ ва менторинг (табодули донишу таҷриба аз устодон ба шогирдон) барои заноне, ки мехоҳанд дар соҳаи молиявӣ-бонкӣ муваффақ шаванд, зарур аст. Ва илова кард: «Ба натиҷаҳои беҳтарин ва рушди устувор муҳити кории гуногун ва фарогир (инклюзивӣ) мусоидат мекунад».
Гуланор Атобек, роҳбари Алиф Бонк, самтҳои асосиеро, ки бояд барои рушди соҳибкории занон таҳия шаванд, зикр намуд:
- Аввалан, ин эътиқодҳои бунёдии гендерӣ мебошад, ки ба нақши зан дар ҷомеа ва таҳсили ӯ дахл дорад. Бояд ин қолабҳоро тағйир дод ва ҳатман духтаронро ба таҳсил фаро гирифт.
Аз тағйироти чанде пеш ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», ки тибқи он 11 соли таҳсил дар мактаб ҳатмӣ гардид, хеле шодам. Бар ин назарам, ки агар ба занон таҳсили муносиб додаву онҳоро маҳдуд накунанд, онҳо метавонанд кӯҳро талқон кунанд, - мегӯяд Атобек.
Дуюмин ҷанбаи муҳим – набудани роҳбарӣ ва дастгирӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, хеле муҳим аст, ки чунин дастгирӣ ва роҳбариро инкишоф диҳанд, зеро баъзан шахс ба таври одӣ намефаҳмад, ки аз куҷо оғоз кунад.
- Дар чунин лаҳзаҳо хеле муҳим аст, ки касе ба ту дар муайян кардани қадамҳои ояндаат кумак кунад, - зикр мекунад мутахассис.
- Сеюм. Нобаробарӣ дар пардохти меҳнат дар сатҳи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон манъ шудааст, аммо ин ҳамеша дар амал татбиқ намегардад, бинобар ин назорат аз болои иҷрои талаботи қонунгузорӣ зарур аст, - мегӯяд Гуланор Атобек.
Ва боз як ҷанбаи муҳим, ки ба рушди занон халал мерасонад – ин шароити номусоиди корӣ мебошад. Ин ҳам ба шароити физикӣ, яъне худи ҷойи кор ва ҳам шароити мусоиди равонӣ (ҳиссиёт) дахл дорад. Масалан, пешниҳоди ҷадвали кории муносиб, то ки онҳо тавонанд ҳаёти шахсӣ ва корро осонтар ба тартиб дароранд, инчунин таъмин кардани бехатрии онҳо аз таъқиб ва озори иловагӣ дар ҷойи кор. Занон бояд худро тинҷу амн эҳсос кунанд, – хулоса кард ӯ.