Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон, ки дирӯз, 9-уми октябр вориди Душанбе шуд, имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.
Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштааст, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.
Ҳамчунин, нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардидааст. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.
Таъкид гардидааст, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.
Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шудааст.

Зимни мулоқоти шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф масъалаи рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои парлумонии ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои Эрон ҷузъиёти бештари ин дидорро нашр кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории ИСНО, дар ин вохӯри масоили амнияти минтақаӣ, ҳамлу нақл, интиқоли об ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ низ матраҳ гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидор бо раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон имзои наздик ба 100 санади ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву парлумонӣ миёни Теҳрон ва Душанбе, инчунин, бекор кардани раводид ва осонсозии мубодилаҳои иқтисодиро нишондиҳандаи азму иродаи ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо унвон кардааст.
Қолибоф ба зарурати амнияти пойдор ва ҷилавгирӣ аз рушди терроризм, ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа дар минтақа таъкид кардааст.
“Мо аз ҷумлаи ҳамсоякишварҳои Афғонистонем ва масоилу мушкилоте дар ин кишвар вуҷуд дорад. Ҳамчунин масоили ҷанги Укроин ва Русия ва авзоъи нобасомони минтақа аз мавзуъҳое ҳастанд, ки ҳаргиз наметавоем нисбат ба онҳо ҳам аз боби инсониву ҳам исломӣ ва ҳамчунин аз боби як нигоҳи тавсеа ва амнияти пойдор бетафовут бошем”, - баён доштааст Қолибоф.
Ӯ афзудааст, ки “чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем ин мавзуъҳо дар кишвари мову шумо, ҳамаи минтақаву кишварҳои исломӣ ва ҳамчунин кишварҳои муштаракулманофеъ бо кишварҳои Осиёи Миёна асаргузор хоҳад буд. Барои ҳамин ин ҳамкориҳо ба хотири тақвияти амнияти пойдор бисёр муҳим ва асосӣ аст”.
Ёдрас мешавем, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дирӯз дар раъси як ҳайати калон ба Тоҷикистон омад. Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сафар гуфтугӯҳои дуҷониба дар хусуси афзоиши ҳамкориҳо ва мубодилоти тиҷории ду кишвар аст.
Гуфта мешавад, сафари раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо даъвати Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси парлумон кишвар сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни сафари Қолибоф чизи дигаре, ки расонаҳо ба он таваҷҷуҳ кардаанд, халлабонии ӯ буд. Гуфта мешавад, ки Раиси парлумони Эрон аз Теҳрон то Душанбе худаш халлабони парвоз будааст.
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста