Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфтааст, хостори барқарор кардани робитаи хуб бо Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин бора телевизиони “Тулӯъ нюс” хабар медиҳад.
“Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст, мехоҳем равобити хуб дошта бошем. Ҳайати ду тараф дар ин авохир рафтуомад доштанд ва умед дорем пешрафтҳое дар ин замина дар оянда сурат гирад”, - афзудааст Ҳамдуллоҳи Фитрат.
Вале ӯ дақиқ нагуфтааст, ки ин рафтуомадҳо кай ва чӣ гуна сурат гирифтаанду киҳо дар он ширкат доштаанд.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки намояндаҳои Толибон аз хуб шудани робита бо Тоҷикистон гап мезананд. Чанде қабл Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири Толибон гуфта буд, ки муносибати ин гурӯҳ бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳтар шудан аст.
Тавре ки “Тулуъ нюс” менависад, ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо намояндаҳои бархе аз донишгоҳҳои хусусӣ дар Кобул изҳор дошта, афзудааст, ки диду боздиди намояндаҳои ду тараф бештар шудаанд. Аммо ин мақомдори Толибон ҳам аз ҳеҷ вохӯрие мушаххас ном набурда буд.
Тибқи иттилоъи манбаъ, ӯ эътироф кардааст, ки Толибон бо бархе аз кишварҳои ҳамсоя мушкил доранд, аммо ба гуфтаи ӯ, гузаргоҳҳои бозаргонии Афғонистон барои тиҷорат боз аст.
“Равобити сиёсии мо бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳбуд аст ва нисбат ба гузашта дар он тафовут дида мешавад. Ҳайати онҳо ин ҷо омад ва ҳайати мо он ҷо рафт. Иншоаллоҳ рафтуомад бештар ҳам мешавад. Тиҷорати мо тариқи гузаргоҳи Шерхонбандар ҳам ҷараён дорад ва мушкил надорем”, - баён доштааст ин мақомдори Толибон.
Аммо Тоҷикистон ба ин ду хабар то ҳол вокунише накардааст ва маълум нест, гуфтаҳои Толибон то куҷо ҳақиқат дорад.
Тоҷикистон аз замони дигарбора қудратро ба даст гирифтани Толибон дар Афғонистон аз ин гурӯҳ интиқод мекунад ва борҳо хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
450 шатранҷбоз аз 13 кишвар. Гузориш аз мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ дар Душанбе
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста