Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) 68 номзад аз 6 ҳизби сиёсии кишварро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта, ба онҳо иҷоза дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ барои 22 курсии палумон вориди корзори интихоботӣ шаванд.
Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 вакил аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата интихоб мешаванд.
КМИРТ мегӯяд, дар маҷмуъ, 70 номзад пешниҳод шуда буд. Ду номзаде, ки ба қайд гирифта нашуданд аз Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) мебошанд. Ин ҳизб дар анҷумани худ дар моҳи декабри соли гузашта 5 номзад пешниҳод кард, вале КМИРТ танҳо 3 нафарро ба қайд гирифт.
Аз ин ҳизб сабаби ба қайд нагирифтани ду номзадро шарҳ доданд.
“Яке аз номзадҳо бо фармони президент раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид ва бо ҳамин номзадиашро бозхонд кард. Шахси дигар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ номзадиашро бозхонд ва аз як ҳавзаи якмандатаи вилоят Суғд номзадиаш пешниҳод гардид”, - шарҳ доданд аз ҲДТ.
Ҳамин тариқ, КМИРТ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ бо таносуби зерин номзадҳои ҳизбҳоро ба қайд гирифт:

Ҳоло маълум нест, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ чанд номзад аз ҳавзаи якмандата барои ширкат дар интихобот пешниҳод шудаанд ва чанд нафари онҳоро КМИРТ ба қайд гирифтааст. Аз КМИРТ чунин иттилоъро барои мо пешниҳод накарданд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.
То ҳол ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, аз ҳафтаи дигар таблиғи номзадҳо оғоз мешавад.
Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократӣ як курсигӣ доранд.
ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.
Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста