Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон аз ҷониби ӯ ва Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид. Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст.
Ба иттилои хабаргузории "Акипресс", ҳамчунин, миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар Созишнома оид ба зерсохтори обӣ-энергетикӣ ва Созишнома оид ба зерсохтори роҳу нақлиёт ба имзо расиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти дуҷониба ва имзои созишнома гуфтааст, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои имзошудаи имрӯза дар равобити дуҷониба саҳифаи нав мекушояд.
"Итминон дорам, ки натоиҷи мулоқот ҳамкориҳои кишварҳои моро ба сатҳи баландтаре хоҳад расонд, ки ба манфиатҳои бунёдии халқҳоямон ҷавобгӯ бошад", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Содир Жапаров гуфтааст, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон мебошад.
"Кишварҳои моро таърих, анъана ва фарҳанги бостонӣ бо ҳам мепайвандад. Мо оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои якхела дорем”, - гуфтааст Содир Жапаров.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи байниҳукуматии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.
Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифодаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти он изҳори назар накардааст.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон расман боз шуд
Президентони ду кишвар ҳамчунин, ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишварро ба таври онлайнӣ боз кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"- “Қизил-Бел” ва "Маданият" - "Кайрагач"-ро расман боз карданд.

Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Сарони ду давлат амр додаанд, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ байни ду кишвар барқарор гардад.
Интизор меравад, ки марҳала ба марҳала гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҳам боз шаванд.
Ёдовар мешавем,ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии марзии моҳи апрел-майи соли 2021 баста шуда буд. Он замон Қирғизистон сарҳадро якҷониба баст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста