Як ҳайати калони ширкати энержии “Брешно” (Breshna)-и Афғонистон, ки ҳоло зери роҳбарии гурӯҳи Толибон* аст, барои ширкат дар ҷаласаҳои вобаста ба лоиҳаи “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳайат бо роҳбарии Абдулборӣ Умар, раҳбари ин ниҳод, ба Душанбе ворид шудаанд ва рӯзҳои 13-16-уми май дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории муштараки кишварҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" ва ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" ширкат доранд.
Дар баробари намояндагони Афғонистон дар ин ҷаласаҳо ҳамчунин, ҳайати кишварҳои Қирғизистон, Покистон ва Бонки исломии рушд ширкат мекунанд.
Дар аксҳое, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз рафтаи ин ҳамоиш нашр кардааст, намояндагони Афғонистон ҳам дида мешавад.

Лоиҳаи Central Asia – South Asia – 1000 (CASA-1000) як тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ дониста мешавад, ки аз тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон сурат мегирад, пешбинӣ шудааст ва бар пояи манофеи иқтисодии муштарак миёни кишварҳо бино шудааст.
Ёдрас мекунем, ки пас аз сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 мададрасонҳои байнулмилалӣ ин кишварро тарк карданд ва мутаносибан, ҳамаи корҳо оид ба сохтмони иншоот тибқи лоиҳаи CASA-1000 мутаваққиф шуданд.
Ахиран дафтари муовини нахуствазири ҳукумати “Толибон” дар умури иқтисодӣ дар муроҷиати худ ба Бонки Ҷаҳонӣ хостааст, ки кор дар тамоми тарҳҳо дар кишвар аз сар гирифта шавад.

Қаблан гуфта мешуд, ки корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба охир расида, танҳо қимсати афғонистонии он боқӣ мондааст.
Пас аз он ки гурӯҳи Толибон* дар моҳи августи соли 2021 тамоми Афғонистонро ғасб карда, ба қудрат расиданд, Тоҷикистон бо онҳо бархӯрди мутаносиб дошт, вале бори аввал нест, ки ҳайате аз Афғонистон, ҳатто намояндагони Толибон ба Тоҷикистон меоянд.
Бори аввал моҳи майи соли 2022 Ҳофиз Аҳмад Зозай, намояндаи ҳукумати Толибон дар ҳайати дастаи футболи наврасони то 16-солаи Афғонистон тавассути хатсайри Туркия - Тоҷикистон вориди Душанбе шуда буд.
Баъдан моҳи ноябри соли 2023 хабарҳое интишор шуданд, ки Консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон бо роҳбарии Нақибулло Деҳқонзода расман фаъолият мекунад ва мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати сарпарасти Толибон қарор дорад.
Ин дар ҳоле буд, ки Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ "барои надоштани имконоти иқтисодӣ" аз кор монд.
Аммо пас аз чанде Сироҷиддин Муҳириддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ таҳти назорати Толибон қарор надорад ва Тоҷикистон ба ҳеҷ як намояндаи ин гурӯҳ парвона (аккредитатсия) надодааст.
Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки бо Толибон расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – “Афғонистон” бихонед.





Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста