Муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ буда, барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илм, сиёсат ва амният замина омода шудааст. Ин нуктаро Масъуд Пезишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 18-уми май, дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон изҳор дошт.
Дар ин мулоқот Пизишкиён бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд ба тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, изҳор доштааст, ки дар ин росто ду кишвар бояд талош кунад.
“Метавонем бо фароҳам овардани заминаҳои муносиб барои ҳамкории фаъолонаи тоҷирон, бозаргонон, санъаткорон ва донишгоҳиён бар ғанои таъомулоти дуҷониба афзуда ва заминасози рушд, равнақ ва пешрафти муштараки ду миллат шавем”.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ навиштааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ ба Пизишкиён паёму дуруд ва таманниёти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро расондааст.
Вазири корҳои хориҷа майли ҷониби Тоҷикистонро барои тавсеъаи ҳамкорӣ бо Эрон таъйид карда, таъкид доштааст, ки иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда миёни раҳбарони ду кишвар заминаи устувори тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва гардишгарӣ мебошад.
Сироҷиддин Муҳриддин лағви низоми раводид миёни ду кишварро минбари муносиб барои густариши табодули гардишгарӣ ва афзоиши равобити мардумӣ унвон кардааст.

Пештар аз ин, рӯзи 17-уми май дар ҳошияи чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Аббос Ароқчӣ, вазир умури хориҷаи Эрон низ дидору гуфтугӯ кард.
Дар мулоқот масоили амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Инчунин таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳам баррасӣ шуда, ҷонибҳо аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардаанд.
Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Эрон ба зарурати идомаи ҳамкориҳои минтақаӣ, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъкид кардаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷониби Эрон даъват кард, ки дар чорабиниҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 –уми май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд. Ба гуфтаи Ароқчӣ ҳайати Эронро дар ин конфронс Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар раҳбарӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар ҳамоиши дурӯзаи “Гуфтугӯи Теҳрон”, ки рӯзҳои 17-18 –уми май бо иштироки мақомоти баландпоя ва дипломатҳои 53 кишвари ҷаҳон ва намояндагони Созмони Милали Мутаҳҳид баргузор шуд, вориди Эрон шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин ҳамоиш аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки барои эҷоди як механизми амнияти дастаҷамъӣ барои мусоидат ба сулҳу субот дар минтақа кор кунанд.
Ӯ бо ишора ба идомаи бӯҳрони башардӯстона дар навори Ғазза таъкид кард, ки Тоҷикистон куштори фаластиниҳои бегуноҳ ва тахриби зербиноҳои ҳаётан муҳим, аз қабили бемористонҳоро шадидан маҳкум мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин бо даъвати оташбаси фаврӣ ва эҷоди долонҳо барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ таъкид кард, ки таъсиси давлати мустақили Фаластин бо пойтахти он дар Ал-Қудс ягона роҳи ҳалли низои Исроил ва Фаластин аст.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста