Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи мардум дар Фаластин ва Афғонистон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки Тоҷикистон куштори бегуноҳон дар Ғазза ва тахриби зербиноҳои ҳаётан муҳимро шадидан маҳкум мекунад. Ӯ ба зарурати таъсиси як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид кард.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар рӯзи 18-уми май дар ҳамоиши “Гуфтугӯи Теҳрон” ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ дар суханрониаш таъкид кардааст, ки таҳаввулоти босуръати сиёсӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои гуногун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи созанда ва ҳамкориҳои густурдаро тақозо мекунад.Ӯ ба зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид кардааст.
Манбаъ навиштааст, ки вазири корҳои хориҷӣ назар ва мавқеи кишварро доир ба ҳалли бӯҳрони Фаластин, қазияи Афғонистон ва мушкилоти дигари минтақа ва ҷаҳон баён кардааст. Мақомоти расмӣ ҷузъиёти бештар надодаанд.
Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҳамоиш дар хусуси вазъи Ховари Миёна изҳори назар кардааст.
“Тамоюлҳои босуръат ва мушкилоти амиқи таъмини сулҳ ва субот дар манотиқи мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки бо таҳқиқ ва гуфтумони созанда ва бо такя бар иродаи қавӣ ба ин масоили доғи рӯз таваҷҷӯҳи бештаре намоянд. Аз ҷумла, вазъи Ховари Миёна, масалан Фаластан ҳамвора аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст”, - гуфтааст вазири корҳои хориҷӣ.
Ӯ гуфтааст, дар ин минтақа “тағйироти ногаҳонии мақоми кишварҳо ва набудани сохторҳои устувори таъмини субот ва рушд вазъро боз ҳам печидатар мегардонад”.

“Ҳалли ниҳоии бӯҳрони Фаластин дар ташкили як давлати мустақили Фаластин бо пойтахти Байтулмуқаддас мебошад. Амният ва суботи минтақавии устувор аз суботи дохилии ҳукуматҳо вобаста аст”,-таъкид кардааст ӯ.
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон иброз доштааст, ки “таҷрибаи талхи Сурия, Яман, Либия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна нишон медиҳад, ки амният ва суботи пойдори минтақавӣ, пеш аз ҳама, аз суботи дохилии ҳукуматҳо сарчашма мегирад”.
“Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи башариро сахт нигарон кардааст, вазъи фалокатбори мардуми бегуноҳи Фаластин аст. Навори Ғазза ба як минтақаи пур аз мотам ва харобиҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон куштори ғайринизомиёни бегуноҳ ва тахриби зерсохтҳои ҳаётан муҳимро дар Фаластин шадидан маҳкум карда, хостори оташбаси фаврӣ ва таъсиси гузаргоҳҳо барои интиқоли кумакҳои башардӯстона мебошад”,-иброз доштааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ ҳамчунин вазъияти мураккаби низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистонро нигаронкунанда хондааст.
“Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба сулҳу субот ва оромии ин кишвари бародару ҳамсоя даъват мекунад. Мо ҳама талошҳои сиёсиву дипломатиро барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми он ҷонибдорӣ мекунем”, -гуфтааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар ҳамоиши “Гуфтугӯи Теҳрон”, ки рӯзҳои 17-18 –уми май бо иштироки мақомоти баландпоя ва дипломатҳои 53 кишвари ҷаҳон ва намояндагони Созмони Милали Мутаҳҳид баргузор шуд, вориди Эрон гардид. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ва Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Бояд гуфт, ки ҳамоиши “Гуфтугӯи Теҳрон”, аз соли 2019 инҷониб барузор мешавад, ки дар доираи он миёни мақомҳои баландпояи кишварҳо, сиёсатмадорону таҳлилгарон табодули афкор сурат мегирад.
Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?
"Ҳофизхонӣ" дар "Азия-Плюс" ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
Юнуси Имомназар: Дар ҳар шаҳри Ӯзбекистон бояд дӯкони китоби тоҷикӣ боз шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 3
Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Алии Хоманаӣ: “Исроил бояд интизори муҷозоти сахте бошад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июни соли 2025
Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард?
Даҳ адиби тоҷик сазовори ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд. Онҳо кистанд?
Суқути ҳавопаймои "Air India" дар Ҳиндустон бо беш аз 240 мусофир
Амрико бархе кормандони худро аз сафорат ва пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои Ховари Миёна берун мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста