Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) имкони манъи вуруди шаҳрвандони 36 кишвар, аз ҷумла Қирғизистонро ба хоки ин кишвар баррасӣ дорад. Дар ин бора "The Washington Post" бо истинод ба як санади хидматии Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.
Ин ниҳод ба дипломатҳои амрикоӣ дар кишварҳои хориҷӣ аллакай, ҳуҷҷатеро ирсол кардааст, ки дар он барои аз ҷониби ин кишварҳо иҷро гардидани талаботи Вашингтон дар муддати 60 рӯз муҳлат дода шудааст.
“ИМА имкони маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони боз 36 кишварро баррасӣ доранд, ки манъи вурудро ба сафарҳо, ки аз ҷониби дастгоҳи Трамп аввали ҳамин моҳ эълон шуд, густардатар мекунад”, - менависад нашрия.
Дар рӯйхат 25 давлати африқоӣ, инчунин як кишвари Осиёи Марказӣ- Қирғизистон, Ҳавзаи Кариб ва минтақаи Уқёнуси Ором зикр шудаанд.
Гуфта мешавад, ташаббуси мазкур дар партави сиёсати шадид дар соҳаи муҳоҷирати Трамп сурат мегирад.
Дар ҳуҷҷат зикр мешавад, ин кишварҳо ба як қатор талабот ҷавобгӯ нестанд:
- мақомоти салоҳиятдоре нест, ки ба додани ҳуҷҷатҳои боэътимод қодир бошанд;
- ба ҳолатҳои қаллобӣ бо шиносномаҳо роҳ медиҳанд;
- шаҳрвандони ин кишварҳо бисёр вақт муҳлатҳои будубош дар ИМА-ро риоя намекунанд.
Бар асоси ҳуҷҷати аз ҷониби Марко Рубио, котиби давлатӣ имзошуда ва ба намояндагиҳои дипломатии амрикоӣ воридгардида, ҳукуматҳои кишварҳои зикршуда барои талаботи нави Департаменти давлатӣ 60 рӯз муҳлат доранд.

Гузинаи якуми нақшаи амалро онҳо бояд то соати 8:00-и рӯзи чоршанбеи 18-уми июн пешниҳод кунанд.
Ёдрас мекунем, ки Доналд Трамп аввали моҳи июн барои шаҳрвандони 12 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Чад, Конго, Гвинеяи Экваториалӣ, Эрон, Сомали, Гаити, Мянма, Эритрея, Либия, Судон ва Яман вуруд ба ИМА-ро пурра манъ кард.
Ҳамчунин Трамп дар бораи маҳдуд кардани вуруд ба ИМА барои шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Венесуэла, Туркманистон, Куба, Бурунди, Лаос, Того ва Серра-Леон фармоиш ба имзо расонид.
Имкони мисли пешин ба ИМА ворид шудан барои бархе аз категорияҳои шаҳрвандон аз ин кишварҳо дар ҳолатҳои зерин боқӣ мемонад:
- Варзишгароне, ки барои иштирок дар чорабиниҳои бузурги варзишӣ меоянд;
- Дорандагони “раводидҳои муҳоҷират барои аққалиятҳои этникӣ ва динӣ, ки дар Эрон мавриди таъқиб қарор доранд”;
Шаҳрвандони Афғонистон, ки раводидҳои махсуси муҳоҷират доранд;
- Ҳама гуна “сокинони доимии қонунӣ”-и ИМА;
- Шахсони дорои душаҳрвандӣ, ки шаҳрвандии кишварҳои дар рӯйхати мамнӯъ қарордоштаро надоранд.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста