Вакилони Думаи давлатии Русия аз фраксияи Ҳизби коммунист пешниҳод карданд, ки ба муҳоҷирон фаъолият дар соҳаҳои илм, тиб ва ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар ширкатҳо, сарфи назар аз давлатӣ ё хусусӣ будани он, манъ карда шавад.
Оё ин лоиҳаи қонун қабул мешавад ё не, ҳанӯз маълум нест. Онро бояд дар ҷаласаҳои Дума муҳокима ва баррасӣ кунанд. Аммо айни замон, беш аз худи лоиҳаи қонун, шарҳи он диққати зиёдро ба худ ҷалб кард: лаҳни омиёна ва теъдоди зиёди хатогиҳои грамматикӣ ҳайратоваранд.
“Афзоиши ҳарчи бештари зодагони Осиё”
Ҳамчун далел, вакилон хеле зиёд будани тарабхонаҳоро дар фурудгоҳи "Шереметево" мисол овардаанд, ки ба назари онҳо, номгузориашон "баёнгари воқеиятанд": “Чайхона”, “Чайхона с чайником”, “Чайхана без чайника”.
"Дар Шереметево толори тиҷоратии “Рублёв” ба ихтиёри ӯзбекҳо ё тоҷикҳо дода шудааст, вале дар ҳайати хидматрасон ягон шахси аврупоӣ нест", – омадааст дар шарҳ.
Тавзеҳ: Шарҳи қонун санади расмиест, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр мешавад ва дар он тавзеҳ дода мешавад, ки чаро ин қонун зарур аст ва чаро барои қабул пешниҳод мегардад.
Илова бар ин, зикр шудааст, ки “дар мағозаҳо, махсусан дар “Пятёрочка”, фурӯшандаҳои русро ихроҷ карда, бо осиёиҳо иваз мекунанд. Ҳатто ҳоло аврупоиҳо кӯчарӯб шуданд, як сол пеш ҳама зодагони кишварҳои Осиё буданд”.
Аммо, ба андешаи вакилони Ҳизби коммунист, аз ҳама зиёдтар бетартибӣ ин аст, ки “осиёиҳо” дар марказҳои бисёрсоҳавӣ кор мекунанд ва “боиси ҳайрат ҳам нест, ки ҳарчи бештар афзудани намояндагони кишварҳои осиёӣ идома дорад”.
Дар омади гап, маълум аст, ки вакилон танҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказиро “осиёиҳо” медонанд. Дар ҳоле ки яке аз ҳаммуаллифони лоиҳаи қонун низ осиёист, намояндаи Бурятия Вячеслав Мархаев.

“Осиёиҳои чаласаводро ба сифати табиб ба кор мегиранд”
Муаллифони санад дар идома норозигӣ, тарс ва нигаронии худро бидуни пинҳон кардани назарҳои бегонаситезӣ (ксенофобия) нисбати зодагони Осиёи Марказӣ изҳор медоранд.
“Барои қувваи кории арзон роҳбарон аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд. Осиёиҳои чаласаводро ба сифати табиб ба кор мегиранд, ки забони русиро базӯр мефаҳманд. Ҳоло беш аз нисфи ҳамшираҳо зодагони Осиё мебошанд ва ба ҷои либоси махсуси тиббӣ либосҳои миллӣ ба бар мегарданд. Кормандони сатҳи поёни тиббӣ (санитаркаҳо) ҳамаашон осиёианд. Русҳоро қабул намекунанд! Дар мактабҳо муаллимони осиёӣ густоху дағаланд, таълим намедиҳанд, балки кӯдаконро масхара мекунанд, ҳарчанд таълим дода наметавонанд ва шояд дипломҳояшонро дар ватани худ харида бошанд", – омадааст дар шарҳи қонун.
Ҳамчунин вакилон хатарҳои ифротгароиро яке аз сабабҳои маҳдудсозии фаъолият унвон мекунанд.
“Кори санитар ё фаррош ба назар бехатар аст, вале онҳо ба ҳамаи утоқ ва ҳар гуна ҳуҷҷатҳо дастрасӣ доранд ва агар шахсе, ки нияти бад дораду ба чунин кор роҳ ёбад, метавонад бадбахтиҳои зиёд орад. Гузоштани маводи тарканда бошад, умуман кори душворе нест”, – чунин мешуморанд вакилон аз Ҳизби коммунист.
“Мо чӣ кор мекунем? Чаро ин қадар осон хориҷиёнро ба мақомоти давлатӣ роҳ медиҳем? Оё шумо дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё кишвари дигар ягон русро дар мақомоти давлатӣ дидаед?... Роҳбарон – осиёиҳо ҳамеша худро бо хешу таборон ё дар бадтарин ҳолат, бо ҳамдиёрон иҳота мекунанд. Ҳанӯз ба худ намеоед, ки дар муассиса ё корхона танҳо хешовандони роҳбар боқӣ мемонанд”, – норозигӣ кардаанд вакилон.
Дар хулоса вакилони коммунист пешниҳод кардаанд, ки “вазъро мебояд ислоҳ кард ва ба кишварҳои пешрафта мутобиқ шуд”.
“Аз муҳоҷирон умуман метавон даст кашид ва онҳоро танҳо барои корҳои мавсимӣ дар бахши кишоварзӣ истифода бурд”, – омадааст дар шарҳ.

“Муносибатҳои бегонаситезӣ ва миллатгароёна”
Коршиноси масоили муҳоҷират Шуҳрат Латифӣ бар ин назар аст, ки ин иқтибосҳо муносибати хеле манфӣ ва қолабиро нисбат ба Осиёи Марказӣ ва зодагони ин минтақа нишон медиҳанд.
“Чунин муносибатро метавон бегонаситезӣ ва миллатгароёна номид. Изҳору баёнҳо пур аз нафрат нисбати хориҷиён, махсусан намояндагони гурӯҳҳои муайяни этникӣ мебошанд ва идеяи бартарияти як миллат аз дигаронро ифода мекунанд. Вакилон ба қолабҳои маъмул, вале носаҳеҳ ё шадидан муболиғаомез муроҷиат мекунанд, масалан, сатҳи пасти савод, ҷанҷолҷӯйӣ ё бевиҷдонии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ”, – зикр кард Латифӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин изҳорот саҳми бузурги муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар иқтисоди Русия ва нақши муҳими онҳо дар соҳаҳое, ки қувваи кори маҳаллӣ кам аст, тамоман нодида гирифта шуда, чунин баёнҳо дар санадҳои расмӣ метавонад ба афзоиши эҳсосоти бегонаситезӣ ва шиддат гирифтани танишҳо байни миллатҳо боис гардад.
Илова бар ин, Латифӣ бар ин назар аст, ки чунин изҳорот метавонанд барои сафарбарсозии қишри муайяни интихобкунандагон ё омодасозии афкори умум барои шадид кардани қонунгузории муҳоҷират истифода шаванд.
“Истифода аз чунин изҳорот дар санадҳои расмӣ на танҳо як даъвати ҳуқуқиву ахлоқист, балки аломати нигаронкунандаест, ки аз решаҳои амиқи таассуб дарак медиҳад. Ин метавонад ҳам барои муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳам барои суботи дохилӣ паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад”, – таъкид намуд ӯ.
“Ин гурӯҳҳо, ки ба миллатгарои ашаддӣ гирифторанд, ба миллати рус рабте надоранд.Онҳо мехоҳанд худро руси ҳақиқӣ нишон диҳанд. Аммо ин ниқоби онҳост, ки барои фурӯпошии Русия кор мекунанд. Онҳо ҳама гуна гурӯҳҳоро бар зидди русҳо мешӯронанд, дар ҳоле ки Русия як кишвари бисёрмиллат ва тасаввур кардани он бе осиёиҳо мушкил аст”, – мегӯяд Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини собиқи директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.
Айни замон лоиҳаи қонун дар баррасии Думаи давлатӣ қарор дошта, бояд ҳамаи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузориро тай намояд.





Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста