ЧОРАБИНИҲОИ 15 АВГУСТ

- Имрӯз тими миллии наврасони Тоҷикистон дар Индонезия бо мунтахаби наврасони Малӣ рақобат мекунанд. Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон даври аввали мусобиқаи дӯстонаи “Ҷоми истиқлоли Индонезия-2025”-ро бо ҳамсолони худ аз ин кишвар мусовӣ карданд.

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандони кишвар ва меҳмонон имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино, ба монанди асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

- Имрӯз, соати 18:00 дар "Амфитеатр" (муассисаи давлатии "Аҳорун") дар хиёбони И.Сомонӣ консерти Юлдуз Усмонова, сарояндаи шинохтаи Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад, баргузор мешавад. 

Нархи билет: аз 300 то 450 сомонӣ.

Чиптаҳоро дар сомонаи "ticketon.tj" дастрас кардан мумкин аст

- Имрӯз Доналд Трамп, президенти Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар иёлати Аляскаи Амрико мулоқоти рӯбарӯ анҷом медиҳанд. Мавзуи асосии музокироти Путину Трамп ҷустуҷӯи роҳи ҳалли дарозмуддати бӯҳрони Украина хоҳад буд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 АВГУСТ

Соли 2003 – Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти ширкати “Ҷамол энд компания”-ро, ки ба харидуфуруш ва ё бизнеси муҳра машғул буд, манъ ва масъулини ин ширкатро боздошт кард.

Соли 2011 – Дар ноҳияи Ванҷ пули мошингард байни Тоҷикистон ва Афғонистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Мавлуди Ҳабибулло Назаров, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1913 – Зодрӯзи Ҳабиб Аҳрорӣ, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

Соли 1919 – Мавлуди Сироҷиддин Нуриддинов, мусаввир, кандакор, Рассоми халқии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Нуриддинов аз ҷумлаи кандакоронест, ки дар ороиши меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва Сирки давлатӣ саҳм дорад.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи муаллимтайёркунии Самарқанд буда, соли 1952 ба Душанбе омад ва як муддат дар мактаби ба номи Дзержинскийи Ҳисор ҷонишини директор буд. Баъдан, 16 сол дар устохонаи идораи маданияти Тоҷикистони шӯравӣ кандакорӣ кардааст. Солҳои 1970-1982 омӯзгори Омӯзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимов буд.

Аввалин маҳсули кандакориаш портретҳои классикони адабиёти форсу тоҷик буданд. Беҳтарин асарҳои худро солҳои 70-ум офаридааст. Дари осорхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Қубодиён офаридаҳои ӯ буда, ороиши чойхонаи “Фароғат” низ маҳсули дасти ӯст.

Номбурда бо гурӯҳи ҳунармандони ҷавон дохили бинои “Хонаи хидмати маишӣ” (ҳоло Маркази савдои “Садбарг” дар Душанбе), меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва Сирки давлатии Тоҷикистонро оро додааст. Дар офаридани лаҳваи гаҷӣ барои толори истироҳати Қасри иттифоқи касабаи Душанбе ва Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ низ саҳм дорад.

Сироҷиддин Нуриддинов 22-юми марти соли 1995 дар синни 74 оламро падруд гуфт.

Соли 1941 – Мавлуди Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Раҷаб Ҳусейнов

Раҷаб Ҳусейнов хатмкардаи Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошканд буда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри Лоҳутӣ оғоз намуда, то соли 1998 дар ин театр ҳунар озмуд. Соли 1998 ба Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский омад.

Ӯ қариб дар шаст намоиши театрӣ, аз қабили “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дод аз дасти ақл”, “Роҳзанон”, “Маро тарк макун”, “Сарбозони инқилоб”, “Шаби охирини Суқрот” нақшҳои муассир иҷро кардааст.

Ҳамчунин, вай дар синамо қариб 50 нақш офаридааст. Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Ӯзбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. “Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Ҷумъаи ҳафтум”, “Хӯҷаини об”, “Робита”, “Субҳи Ганг”, “Тӯфон дар водӣ”, силсилафилми телевизионии “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” намунаҳои гуногуни нақшофарии ӯ дар синамоянд.

Номбурда 26-уми марти соли 2022 дар синни 80 даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Мироҷ  (Меҳроҷ) Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон.

Мироҷ Абдуллоев

Мироҷ Абдуллоев, ки дар давъвати қаблӣ вакили пардумони кишвар низ буд, 8 сол инҷониб Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Ӯ хатмкардаи Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар шаҳри Маскав аст.

Фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор дар мактаюи миёна оғӯоз шуда, минбаъд дар вазифаҳои давлатӣ ба кор оғоз намудааст. Ӯ солҳои зиёд дар мақомҳои баланд дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Хатлон фаъолият дошт.

Соли 2001 нозири калони шуъбаи дуюми Раёсати кофтукови ҷиноии Оҷонсии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ таъин шуда, то соли 2004 дар ин маснад ифои вазифа кард. Вай солҳои 2005-2011 ҳуқуқшиноси ҳукумати раиси шаҳри Кӯлоб буд.

Солҳои 2016-2017 намояндаи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии “Ҳомиёни Ватан” дар шаҳри Кӯлоб ва ҳамзамон Котиби аввали Комитети Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ин минтақа буд.

Мироҷ Абдуллоев моҳи апрели соли 2017 раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар даъвати қаблӣ, солҳои 2020-2025 вакили парлумон интихоб шуда буд.

Соли 1952 – Зодрӯзи Саидбухорӣ Маҷидов, директори пешини Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Саидбухорӣ Маҷидов

Саидбухорӣ Маҷидов хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолияти худро ба сифати маъмури Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз намудааст. Баъдан ба ҳайси роҳбари бадеӣ ва директори Хонаи маданият, мудири шӯъбаи фарҳанги ҳамин ноҳия ифои вазифа намуда, солҳои 1995-2003 сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон буд.

Ӯ баъдан директори Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва сарвари ансамбли давлатии рақсии “Лола” таъин гардида, то соли 2012 дар ин маснад буд.

Ду соли баъдӣ вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Рӯзи 31-уми июли соли 2014 ӯ аз  вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон озод шуда, ба мансаби муовини роҳбари гурӯҳи ҳунарии “Базморо” таъин гардид. Шоми ҳамон рӯз Саидбухорӣ Маҷидов бар асари бемории дил аз олам даргузашт.

Соли 1985 – Мавлуди Исмоил Исмоилов, овозхон, рэпсарои тоҷик, мудири иҷроияи ширкати “Ҳаматарафа”.

Соли 2016 – Толиби Сангинзода, рӯзноманигор, нависанда ва яке аз муассисони нашриёти “Авасто” дар синни 51 даргузашт.

Соли 2022 – Нур Табар рӯзноманигор, драматург, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон дар 81-солагӣ даргузшт.

Нур Табар

Нур Табаров солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсиву фарҳангӣ кор кардааст ва аз ӯ ҳамчун як нафари сахтгир ва ташаббускор ном мебаранд, ки маҳз дар давраи вазирии ӯ ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита дар он саҳм дошт.

Фаъолияти кории Нур Табаров дар ду самт равона шуда буд. Яке сиёсат, ки роҳбарии шӯъбаи фарҳанги Ҳизби коммунисти вақт, вазири фарҳанг ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Дар самти фаъолияти эҷодӣ Нур Табаров ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва драматург корҳои зиёдеро анҷом дод.​

Нур Табаров фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон, “Навиди Бозаргон” ва сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” кор кардааст.

Муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Нур Табаровро ҳангоми кор дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” медонанд. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла “Вагони охирин”, “Тарс”, “Паёми Зардушт”, “Суробҳо”, “Шикасти ташнагӣ”, “Чашмони бародари қиёматӣ” ва “Дар чорсӯ” аст.

Нур Табар соли 2022 дар синни 81-солагӣ дунёро тарк кард.

Соли 2024 – Заур Дахте, филмбардор ва аккоси маъруфи тоҷик бар асари садамае дар синни 87 даргузашт.

Заур Дахте

Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб шуда, дар хориҷа ҳам маъруфият дорад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада, аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ ва то синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил намудааст.

Баъдан дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ карда, сипас барои кор ба студияи “Тоҷикфилм” ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш ӯро ба унвони филмбардори студияи “Тоҷикфилм” мешинохтанд.

Соли 1968 ӯ филми ҳунарии “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”-ро филмбардорӣ кард. Сипас силсилаи филмҳои “Чор нафар аз Чорсанг”, “Шераки ҷасур”-ро филмбардорӣ кард.

Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳои сохти “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар таҳияи ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.

Аккосӣ низ ҳунари дигари ӯст. Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда, баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд.

Ӯ 15-уми августи соли 2024, чанд рӯз пеш аз зодрӯзаш дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ба истиқлолият расидани Ҳиндустон аст. Рӯзи 15-уми августи соли 1947 кишвар пас аз беш аз 200 соли зери ҳокимияти Британияи Кабир қарор доштан, истиқлолияти худро ба даст овард.


Яке аз раҳбарони асосии ҳаракати озодихоҳии Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ буд. Ӯ фалсафаи муқовиматро бидуни зӯроварӣ ташаккул дод. Мақсади асосии ин муқовимат табдил додани рақиб ба дӯст ва иттифоқчӣ тавассути муроҷиат ба виҷдон ва хирадмандии ӯ буд.

Барои раҳоӣ аз ҳокимияти Британия, ӯ ташаббусҳое чун бойкоти молҳои бритонӣ, намоишҳои осоишта алайҳи пардохти андоз ва саркашӣ аз иҷрои баъзе қонунҳо ва фармонҳои ҳукумати мустамликавиро роҳандозӣ намуд.

Моҳи феврали соли 1947 сарвазири Британия Клемент Эттли эълон кард, ки ба Ҳиндустон истиқлолияти комил медиҳад. Ин иқдом тобистони ҳамон сол баъд аз қабули қонуни дахлдор дар парлумони Британия амалӣ гардид.

Имрӯз Рӯзи бостонишносон таҷлил мегардад. Ин ҷашн гарчанде ғайрирасмӣ аст ва таърихи он бо ҳодиса ё кашфиёти мушаххас вобаста нест, он дар кишварҳои гуногун таҷлил карда мешавад.


Археология ё бостоншиносӣ ҳамчун як фан асосан ба таҳқиқи таърихи инсоният аз рӯи бозёфтҳои моддӣ ва манбаъҳои хаттӣ такя мекунад. Дар ин рӯз одатан маросими “қасамёдкунӣ” барои навкорон баргузор мегардад, ки пас аз он онҳоро расман ба сафи бостоншиносони касбӣ қабул мекунанд.

Имрӯз рӯзи пайдоиши калимаи “Алло” аст. 15-уми августи соли 1877 ихтироъкори амрикоӣ Томас Эдисон барои нахустин бор пешниҳод кард, ки ҳангоми гуфтугӯ тавассути телефон калимаи "Hello" истифода шавад.

Як сол қабл аз он, соли 1876, олими амрикоӣ Александр Белл дар Намоишгоҳи ҷаҳонии Филаделфия ихтироъи худро бо шиори “Сухани намоён” ба намоиш гузошта буд. Дастгоҳ, ки баъдан “телефон” ном гирифт, аз калимаҳои юнонии теле - “дур” ва фоно – “садо” гирифта шудааст.


Телефони Белл диққати ҳамагонро замоне ҷалб кард, ки Дон Педро II, подшоҳи Бразилия гӯшакро бардошта, садои ихтироъкорро аз тарафи дигари ҳуҷра шунид ва бо ҳайрат онро партофта гуфт: “Худоё, ин гап мезанад!”

Пас аз як сол, Эдисон дар номае ба президенти ширкати телеграфии Питтсбург калимаи "Hello"-ро ҳамчун вожаи салом барои телефон пешниҳод намуд. Бо гузашти вақт ин калима шакли “Алло”- ро гирифт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º  гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.