Шоми дирӯз, 9-уми октябр таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Сомон" ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ- Русия” баргузор шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон - Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон - Содир Жапаров, Русия - Владимир Путин, Туркманистон - Сардор Бердимуҳамедов ва Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ - Русия мусоидат мекунад.
Ӯ гуфт, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.
"Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд", - хабар медиҳад манбаъ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид дошт, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Русия нишон медиҳад.
Дар нишаст, ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идома, сарони ҳамаи давлатҳои иштирокдор (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами матраҳ изҳори андеша карданд.
Аз ҷумла, президенти Русия гуфтааст, ки соли 2024 муомилоти мол байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 45 миллиард доллар буд, ки ба гуфтааш, ин "кофӣ нест". Ӯ омори додугирифти кишвараш бо Белорусро мисол овард, ки соли гузашта аз 50 миллиард доллар гузашт.
Путин ҳамчунин аз омодаги ширкатҳои русӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Миёна хабар додааст.
Дар натиҷаи нишаст, Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ–Русия” ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳамоиши якуми "Осиёи Марказӣ - Русия" моҳи октябри соли 2022 дар Остона ба муносибати 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.




Мақомоти Молдова мехоҳанд бо Тоҷикистону Қирғизистон реҷаи раводид ҷорӣ кунанд
Эмомалӣ Раҳмон: “Бовар дорам, ки кормандони милитсия ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонанд”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста