Форуми мазкур дар доираи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки ду рӯз пеш дар пойтахти Тоҷикистон, баргузор гардид, доир шуд.

Дар кори Форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ширкат карданд.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки Форуми дуюми коршиносӣ  “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” бо фароҳам овардани фазои муколамаи таҳлилӣ ва касбӣ, ҳадафҳои сиёсиро бо муҳтавои илмӣ ва стратегӣ ғанӣ мегардонад ва барои таҳияи ҳалли дарозмуддат замина мегузорад.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла равобити гуногунсамтаи стратегӣ, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳкими суботи минтақавӣ, масоили вобаста ба об, иқлим ва энергетика, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, забон ва илм, равандҳо ва чолишҳои муосири минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.