Ҳукумати Молдова ният дорад, ки созишнома дар бораи равуои бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 9 октябри соли 1993 дар Бишкек ба имзо расида буд, бекор кунад.

Ба иттилои NewsMaker, лоиҳаи қарори аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳияшуда рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи ҳукумати баррасӣ мешавад. Дар сурати маъқул дониста шудан, ба парлумон ирсол мегардад.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки ҷорисозии реҷаи раводид танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст, зеро Молдова бо ин кишварҳо созишномаи танзимкунандаи тартиби равуои шаҳрвандонро надорад. Байни Молдова ва Русия чунин шартномаи дуҷониба вуҷуд дорад, аз ин рӯ, реҷаи раводид ба шаҳрвандони ин кишвар дахл нахоҳад дошт.

Дар васоити ахбори умум зикр мешавад, ки ин иқдом ба сиёсати Молдова дар самти наздикшавӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва мутобиқсозии сиёсати муҳоҷирату раводид мувофиқи талаботи ин Иттиҳод созгор аст.

Қаблан мақомоти Молдова зикр карда буданд, ки кишвар созишномаҳоеро, ки “барои шаҳрвандон манфиат намеоранд” ва ба масоили муҳим барои кишвар дахл надоранд, бекор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки агар лоиҳа қабул шавад, пас ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рафтан ба Молдова бо мақсади кору таҳсил ё сафарҳои хусусӣ лозим меояд, ки раводид дарёфт кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.