Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар таҷлили ҷашни 10-уми солгарди пойтахти нави Қазоқистон - шаҳри Остона иштирок мекунад.

Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ин муносибат президентони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саркисян, Гурҷистон Михаил Саакашвили, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия Дмитрий Медведев, Туркия Абдулло Гул ва шоҳи Ӯрдун Абдуллои II ба пойтахти Қазоқистон ташриф меоранд.

Аз сарчашма иттилоъ доданд, ки дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

«Рӯзи якшанбе, 6-уми июл президенти Тоҷикистон ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯзаш табрик хоҳад кард», - таъкид доштанд дар вазорат.