Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон   ба истиқболи 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии То ҷ икистон ва 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби то ҷ ик Абуабдуллоҳ Р ӯ дак ӣ дар бинои хукумати мамлакат ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни хаёти ҷ омеа хизматхои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлат ӣ супурд.

Бо фармони Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷ умҳурии То ҷ икистон барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, энергетика, соҳаи и ҷ тимо ӣ , илм, фарҳанг ва маориф, ҳифзи тандурустии аҳол ӣ , ташкили хизмати аълои ҳарб ӣ , таҳкими қонуният ва адолати суд ӣ , хизмати намунавии давлатию ҷ амъият ӣ ва фаъолияти босамар ҷ иҳати таҳкими д ӯ ст ӣ ва ҳамкории байни халқҳо 6 кас бо ордени Д ӯ ст ӣ ,   як нафар бо ордени Спитамен дара ҷ аи 1,   2 кас бо ордени Спитамен дара ҷ аи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дара ҷ аи 1, 19   кас бо ордени Шараф дара ҷ аи 2, 6 кас бо медали ҷ асорат, 52 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 кас бо медали Шафқат сарфароз гаштанд.

Ба Хушқадам Қурбонмамадов, ки бо тахаллуси Ширин Бунёд маъруф аст ва Мирзо Файзал ӣ - Сармуҳаррири р ӯ зномаи Шаҳриёр унвони Шоири халқии То ҷ икистон дода шуд.

Ҳунармандони шинохтаи зерин Ҳунарпешагони халқии То ҷ икистон дониста шуданд:

Марат Арипов – режиссер-таҳиягари киностудияи То ҷ икфилм; Аслибегим Саодатова – ҳунарманди театри давлатии ҷ авонони То ҷ икистон; Абдулло Султонов – ҳунарманди ансамбли «Дарё»; Қиёмиддин Чақалов - ҳунарманди театри ба номи   Абулқосим Лоҳут ӣ   ва Афзалшо Шодиев – ҳунарманди филармонияи давлатии То ҷ икистон;

Ду нафар бо унвонии фахрии «Арбоби илм ва техникаи То ҷ икистон» ва се кас бо унвони фахрии «Арбоби ҳунари То ҷ икистон» сарфароз гаштанд.

7 нафар ҳунармандони маъруф бо унвони фахрии ҳунарпешаи шоистаи То ҷ икистон қадр карда шуданд.  

12 нафар ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

Ба 29 нафар ифтихорномаҳои Ҷ умҳурии То ҷ икистон   тақдим карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон   шахсони зерин бо Ҷ оизаҳои давлатии Ҷ умҳурии То ҷ икистон   ба номи Аб ӯ бдуллоҳ Р ӯ дак ӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмор ӣ дар соли 2008 сарфароз гардонда шуданд:

- Шоираи халқии То ҷ икистон Иноят Хо ҷ аева-маъруф бо тахаллуси Фарзона барои ма ҷ м ӯ аи шеърҳои «Муҳри гули мино»; Шоири халқии То ҷ икистон Муҳаммад Ғойиб барои ма ҷ м ӯ аи шеърҳои «Каъбаи дил»; Ҳунарпешаи шоистаи То ҷ икистон Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан-модар»; Арбоби ҳунари То ҷ икистон Раҳмат Ботуралиев барои силсилаи сангнигораҳои девории «Искандарномаи Ху ҷ анд»;   нависанда Бароти Абдураҳмон барои романи таърихии «Куруши Кабир».

6 Ҷ оизаи давлатии То ҷ икистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба олимони ҷ авон дар бахшҳои илмҳои тиб, иқтисод, гуманитар ӣ , табиатшинос ӣ ва бунёд ӣ супурда шуд.

Як кас бо рутбаи генерал-лейтенант, ду нафар бо рутбаҳои генерал майор ва ду каси дигар бо рутбаҳои генерал майори адлия сарфароз карда шуданд.

Ба варзишгарони номбардори То ҷ икистон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, ки дар Бозиҳои Олимпии Тобистонаи Пекин сазовори медалҳои бирин ҷ ӣ ва нуқраи ин мусобиқоти ҷ аҳон ӣ гаштанд, супурдани ордени Шараф дара ҷ аи 1 як навъ нуқтаи ав ҷ и ин чорабинии идона гашт, ки мавриди кафк ӯ биҳои бардавоми аҳли толор қарор гирифт.

Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон   чанд лаҳза бо ҳозирин с ӯҳ бати озоду ошкоро ва самим ӣ ан ҷ ом дода, зимни он ҳамаи онҳоро бори дигар бо гирифтани мукофотҳои давлат ӣ табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомал ӣ Раҳмон ҷ амъи мукофотгирифтагонро, ки намояндагони қариб тамоми соҳаҳои хо ҷ агии халқи кишваранд, ба хизмати софдилона ва садоқатмандона ба нафъи давлату миллати худ ва баҳри таъмини пешрафту шукуфоии Ватани азиз ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомал ӣ Раҳмон тарбияи ҳисси ватанд ӯ стию ватанпараст ӣ , худшиносию худогоҳии милл ӣ , ифтихору сарфароз ӣ аз таъриху фарҳанги бостон ӣ ва аз давлатдории миллии худро аз вазифаҳои пуршарафи ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маънидод кард. Дар ин бора аз дафтари мтбуоти сарвари давлат хабар доданд.