Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мувофиқи қарори раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикитон иҷлосияи 16-уми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) 17-уми сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

            Ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба иҷлосия барои баррасӣ масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи шаҳрванди ҶТ», «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи мақоми хизматчии ҳарбӣ», «Дар бораи муассисаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини шаҳрвандони ҶТ бо нафақа» пешниҳод гардидаанд.

            Ҳамчунин муҳокимаи боз як қатор қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст.