Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар интихоботи президенти Озарбойҷон, ки дар таърихи 15-уми октябр баргузор мешаванд, гурӯҳи нозирон аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.
Аз Комиссияи марказиии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нозирони Тоҷикистон бар асоси даъвати ҷониби Озарбойҷон ва Муқаррароти ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар бораи интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар ин маърака иштирок мекунанд.
«Ҳайати нозирони Тоҷикистонро аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ Исроил Шоев ва Кенҷа Ҳасанов ва ҳамчунин роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Юсуф Салимов намояндагӣ мекунанд», - афзуд сарчашма. Ба мансаби президентии Озарбойҷон ҳафт нафар номзад довталабӣ мекунанд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста