Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ "Азия-Плюс" -
Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки чун сарвари ҳайати расмии ин давлат баҳри иштирок дар Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохўрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ва мавзўъҳои Форуми мазкур баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи махсус ба рафти иҷрои тавофуқоте зоҳир гардид, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Росси Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон рўзи 29 августи соли равон
ба даст омада буд, аз ҷумла ба масоили ҳамкории бунёдии иқтисодии ду кишвар дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи газу нафт ва дигар канданиҳои фоиданок зоҳир гардид. Аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-1, ки то охири соли равон бояд ба анҷом расад, созишҳои дуҷониба оид ба сохтмони се нерўгоҳи миёнаиқтидори обии дигар дар ҳудуди Тоҷикистон ва аз омодагии ҷониби Россия баҳри иштирок дар сохтмони нерўгоҳи азими Роғун изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Рушди ҳамкориҳои илмӣ фарҳангӣ ва маърифатӣ низ аз мавзўъҳои сўҳбат буд. Мусоҳибон аз омодагии ҳарду ҷониб баҳри кушодани филиалҳои се муассисаи олии таълимии Россия дар Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
ба дарёфти роҳҳои наву судбахши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва техникию технологӣ муваффақ шуда, аз худ нақши муҳим мегузорад. Хотиррасон мекунем, ки Форуми мазкур пагоҳ дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба кори худ шурўъ намуда, ду рўз идома меёбад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста