Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Давлат Назриев, роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки вазорат ба тақдири зани тоҷике, ки ба нишони эътироз худро дар назди бинои ҳукумати Покистон оташ заданист, беэътино нест.
Номбурда қазияро чунин шарҳ дод: «Зани тоҷик
ба исми Фотимабибӣ соли 1992 ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафта, дар он ҷо ба шаҳрванди Покистон ба шавҳар мебарояд ва шаҳрвандии ин кишварро қабул мекунад. Сипас онҳо ба Покистон мераванд ва дар он ҷо соҳиби духтар мешаванд. Аввалҳои моҳи сентябр мард бо кӯдак бедарак шуда, занро бидуни маблағе барои рӯзгузаронӣ ба ҳоли худ мегузоранд. Ҷустуҷӯҳои зиёди зан ҳеҷ натиҷае надодаанд ва ӯ қарор додааст, дар ҳузури рӯзноманигорон даст ба худкушӣ занад».
Ба гуфтаи ӯ, вазорат ба сафорати Тоҷикистон дар Исломобод супориш додааст, то ба ин қазия расидагӣ намуда, мувофиқи имконот аз зани тоҷик пуштибонӣ кунанд.
«Ба мо маълумоте расида, ки имрӯз сарвазири Покистон, ҷаноби Юсуф Ризо Гелонӣ Фотимабибиро ба ҳузур пазируфта, дар ҷустуҷӯи духтари ӯ мусоидату кӯмак хоҳад кард», - иттилоъ дод Д.Назриев.
Намояндаи вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамаи дипломатҳои муқими Покистон аз Душанбе супориш гирифтаанд, ки дар мавриди ҳалли қазияи мазкур ҳамеша
бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар робита бошанд.



Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста