Душанбе. 2-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат
Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» мавриди баррасию муҳокимаи муфассал қарор гирифт.
Чунонки аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳаҷми 7,1 дар сад ва таваррум 13 дар сад ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион
сомонӣ (29 дар сади ММД) - ро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Буҷети давлатии соли равон бо ҳисоби номиналӣ 1,5 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Сарвари давлат Буҷети давлатии соли 2009 –ум ро буҷети рушди иқтисодӣ маънидод карда, таъкид дошт, ки
аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ равона мегардад, аз ҷумла ба сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра. 2 миллиарду 437 миллион сомонии Буҷети давлатии соли 2009 ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста