Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳраки Ғарм зимни суханронӣ назди собиқадорони ҷангу меҳнат президенти Тоҷикистон бо қатъият изҳор дошт, ки ҳама гуна амалҳои ифротиеро, ки ба оромии халқамон халал ворид месозанд, пешгирӣ мекунад ва ягонагии марзу бум, суботу амнияти сиёсӣ ва сарҷамъии миллати тоҷикро таъмин хоҳад кард.
«Мову шумо шоҳид ҳастем, ки дар таърихи гузаштаи начандон дури мо гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тарғибгари андешаҳои тундгаро ва инсонситези бегона
сатҳи пасти маърифати динии сокинони кишварро истифода намуда, ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ асос гузоштанд. Дар он рӯзҳо аксаран ҷавонони бетаҷриба ба гирдоби мухолифатҳои мафкуравӣ ва мазҳабӣ кашида шуданд, ки ин низоъ оқибат ба муқовимати мусаллаҳона, қурбонии зиёди ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ ва бӯҳрони шадиди сиёсиву маънавӣ дар ҷомеаи мо боис гардид. Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпараст бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва бо ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Имрӯз дар ҷомеаи мо ашхосе пайдо шудаанд, ки бо ақидаҳои инсонситезӣ ва тундгароӣ мехоҳанд дар миёни мардум кишвар боз тафриқа андозанд», - таъкид сохт ӯ.
Дар суханронии худ сарвари давлат оид ба нақши дин дар ҷомеа, мақоми пайдокардаи он дар солҳои соҳиьистиқлолии кишвар ва масъулияти ходимони дин дар назди ҷомеа ва насли наврас ҳарф зад.
«Бо дарназардошти ин нукта ва бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ вашахсиятҳои барӯманду фарзона, омӯзиши фаъолияти пурдоманаи илмиву адабӣ ва диниву фиқҳии онҳо, инчунин тавсеаи муколамаву ҳамбастагии тамаддунҳо
соли 2009-умро, ки баробар бо 1310-солагии таваллуди пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам мебошад, соли бузургдошти ин шахсияти барҷаста эълон кардем. Ҳадафи мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама шинохти асли ислом ба воситаи яке аз равияҳои асосии дини ислом-мазҳаби ҳанафӣ буда, бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги инсониву динӣ, тарбияи насли озодаву солеҳ, парвариши андешаи солим, аъмоли неку писандида, ахлоқи ҳамидаи аҳли ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, аз зери бори гарони тақлид ва таассубу хурофот раҳо кардани мардум аст, ки намунаи барҷастаи он дар кору пайкори Абӯҳанифа зоҳир мегардад», - афзуд Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста