Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кории дурӯза озими водии Рашт шуд.
Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки президент дар давоми ду рӯз бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ аз наздик ошно гардида, бо намояндагони аҳли маориф, дин, кишоварзон, созмонҳои ҷавонон ва занон мулоқот хоҳад орост.
«Дар сафар сарвари давлатро аъзои ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва арбобони маъруфи илму ҳунари ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ мекунанд», - гуфт сарчашма.
Зикр гардид, ки президенти кишвар бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ
ва корхонаҳо саноатӣ аз наздик шинос гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ иштирок мекунад.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста