Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзҳои 9-10-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ИДМ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои коммуникатсионӣ ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, дар назар аст, ки соҳаи энергетика чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо муайян карда шуда, соли 2009 - Соли ҷавонон дар ИДМ эълон гардад.
Зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС масоили ҳамгиройии минбаъдаи иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
«Дар доираи сафари дурӯза Э.Раҳмон инчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ ва ЕврАзЭС дидору гуфтушунид хоҳад кард», - афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста