Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор доштааст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) дар сатҳи вазирони молияи кишварҳо гурӯҳи корӣ оид ба масоили коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таъсис дода мешавад.
Расонаи хабарии «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯзи наздик дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.
Дар ҳамин ҳол, дар Бишкек ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ анҷом ёфт, ки дар он як қатор санадҳо, аз ҷумла нақшаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», созишномаи ҳамкорӣ дар бахши амнияти иттилоотӣ, муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир, воситаҳои прекурсорӣ ва прекурсорҳо ба имзо расида, масъалаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин масъалаи таҳкими рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо ва лоиҳаи рушди кишварҳои иттиҳод то соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласа ба ҷуз сарварони кишварҳои Озарбойҷон ва Украина, дигар ҳамаи сарони кишварҳои узви Иттиҳод иштирок карданд. Аз ҷониби Озабойҷон дар ҷаласа сарвазири кишвар ва аз ҷониби Украина котиби Шӯрои амнияти ин давлат иштирок карданд. Рӯзномаи маҷлис аз 20 масоили гуногуни марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун иборат буд.
Айни замон дар Бишкек таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ кард. Кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста