Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Президенти
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Эмомал
ӣ
Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар То
ҷ
икистон Оливе Метленд Пеленро бинобар ан
ҷ
ом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Пас аз анҷоми мулоқот бо сарвари давлат сафир изҳор дошт, ки ба туфайли дастгирии президенти мамлакат ба ӯ муяссар шудааст, ки рисолати худро муваффақона анҷом дода, собит созад, ки Тоҷикистон дар минтақаи Омсиёи Марказӣ аз ҷиҳати стратегӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мавқеъи хосеро дорост.
Ба гуфтаи сафири Фаронса, зимни мулоқоти яксоата бо сарвари давлат ба ҷуз масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, вазъи Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирфтааст. «Ҳамаи рӯйдоди рухдода дар Афғонистон ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад ва рӯди Панҷ ин ҷо садду монеъа ё марз шуда наметавонад», - гуфт ӯ.
«Дар сӯҳбати имрӯза Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки ҳалли мушкилоти Афғонистон танҳо бо роҳи баргузории амалиёти низомӣ ғайриимкон аст ва он тавассути ҳалли маҷмӯи мушкилоти мавҷуда, шурӯъ аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ имконпазир аст, ки ман онро пурра ҷонибдорӣ менамоям», - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин таъкид сохт, ки тибқи иттилои президент, дар фурсати наздик дар Париж сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. «Мо бесаброна интизори сафири нахустини халқи бузурги тоҷик дар Фаронса хоҳем буд», - афзуд Оливе Метленд Пелен.



Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста