Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки бо афзоиши арзиши газ ё боздошти интиқоли барқи Туркманистон аз ҷониби Ӯзбекистон, аз ин кишвари ҳамсоя душмантарошӣ кардан нашояд, зеро дар мушкилоти ҷойдошта мо худамон гунаҳкорем.
Намояндаи мардумӣ шарҳ дод, ки кишвари ҳамсоя бидуни истисно тибқи қонунҳои иқтисоди бозорӣ амал мекунад ва таври маълум он ҷо дӯсту душман як аст ва гуфтаи «сармоядори асосии Русия» - Анатолий Чубайсро ёдовар шуд, ки гуфтааст, «дар бозор ба виҷдону адолат ҷой нест». «Моро лозим аст бо шарикони худ муносиботи корӣ роҳандозӣ созем ва дар як вақт аз манфиатҳои худ ҳимоят карда тавонем, зеро аз касе раҳму шафқат интизор шудан нашояд», - гуфт ӯ.
Дар шарҳи масъалаи мушкилоти норасоии газ мавсуф чунин баён дошт: «Ҳанӯз дар замони шӯравӣ маълум буд, ки Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Туркманистон дар ҳавзаи ягонаи газӣ ҷойгиранд, вале чун кишвари мо аз сатҳи баҳр баландтар воқеъ аст, мутаносибан истихроҷи газ низ дар ин ҷо мушкилтар хоҳад буд. Гузашта аз ин, мо аз ҷалби сармоягузорӣ ба конҳои гази худ, ки захириаи кофии газро дороянд, каме дер мондем ва ҳарчанд кунун корҳои кашфу истихроҷи он ба роҳ монда шуда бошанд ҳам, то фаъолияти пурраи онҳо мо фишори Ӯзбекистонро хоҳ нохоҳ эҳсос хоҳем кард».
Роҳи ҳалли мушкилотро Ш.Шабдолов дар ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба бахши истихроҷи газ, ҷустуҷӯӣ сарчашмаҳои алтернативии дигар, шарикони кории нав ва ташкили бозори воҳиди минтақавии энергетикӣ мебинад. «Мо чандин маротиба дар сатҳи парлумон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод сохтем, ки бозори ягонаи энергетикӣ ташкил намоем, вале ҳарчанд он ба манфиати ҳама кишварҳо аст, онҳо пешниҳоди моро напазируфтанд», - гуфт ӯ.
Ба ақидаи ӯ, захираҳои газ дар кишварҳои минтақа беҳудуд нестанд ва дер ё зуд онҳо ба итмом мерасанд. «Тоҷикистон бошад, яке аз кишварҳои пешсаф аз рӯи иқтидори электроэнергетикӣ дар ҷаҳон аст», - афзуд Ш.Шабдолов.



Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста