Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ баргузор мешавад.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Ғуломҷон Бобозода ва ҷониби Мисрро вазири ҳамкории байнулмилалии Миср Файз Абулнаҷо роҳбарӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаи густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳии кории Миср аллакай ба Душанбе омада, бо ҳамтоҳои тоҷики худ рӯзномаи ҷаласаи байниҳукуматиро таҳия месозад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, соли 2008 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Миср 427,9 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.