Душанбе. 30-юми январ - Байни Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон ва Президенти Ҷ умҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод с ӯ ҳбати телефон ӣ баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари д ӯ ст масоили вазъи ҳозира ва дурнамои рушди равобити ду ҷ онибаро баррас ӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷ ониб барои таъмини тавсеа ва густариши бемайлони   ин равобит чораҳои   мушаххас хоҳанд андешид.

Рафти сохтмони   пружаҳои   ҳамкор ӣ дар соҳаҳои   гидроэнергетик ӣ ва нақлиёт ӣ баррас ӣ шуд ва ҷ онибҳо иродаи худро ҷ иҳати қабл аз м ӯ ҳлати   пешбинишуда ба итмом расонидани   онҳо   изҳор намуданд.

Зимни гуфтуг ӯ мавз ӯ ъҳои ҳамкориҳои низомиву амният ӣ дар маркази тава ҷҷ ӯ ҳи тарафайн қарор доштанд. Сарварони ду кишвар   таъмини тамосҳои доимии роҳбарони ниҳодҳои қудратиро амри зарур ӣ ҳисобида, мавриди ниёз будани инкишоф ва рушди чунин ҳамкориҳоро бори дигар таъкид намуданд.

Масоили   минтақав ӣ   ва байналмилалии   мавриди тава ҷҷ ӯ ҳи тарафайн низ аз мавз ӯ ҳои муколамаи   телефон ӣ буд. Президенти То ҷ икистон   баргузории ҷ аласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро (ЭКО) таъйид намуда, омодагии ҷ ониби То ҷ икистонро барои ширкат дар ин ҷ аласа иброз дошт.

Президенти Ҷ умҳурии Исломии Эрон   бо дарназардошти вазъи душвори зимистони имсола дар То ҷ икистон омодагии ҷ ониби Эронро ҷ иҳати ба кишвари мо расонидани к ӯ маки бародарона иборат аз с ӯ зишвориву дигар   маводи мавриди ниёз изҳор намуд ва ин ибораҳои   ӯ аз ҷ ониби Сарвари То ҷ икистон бо сипосу қадрдон ӣ истиқбол гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.