Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишастҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) ба шаҳри Маскав рафт.

            Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Дар ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, Муовини аввали вазири мудофиа Рамил Нодиров, Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  Абдулмаҷид Достиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар нишасти ЕврАзЭС сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон масъалаи асосии рӯзнома – таъсиси фоди зиддибӯҳрониро баррасӣ мекунанд.

            Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба ёвари президенти Русия Сергей Приходко, масъалаи мазкур таъсиси фонди муштараки кишварҳо барои мусоидат ба рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиро дар назар дорад. «Мувофиқи пешниҳоди мо, ҳаҷми сармояи фонд бояд ба 10 млрд. доллар баробар буда, он бояд чун воситаи муассири рафъи падидаҳои номатлуб ва оқибатҳои ногувори дарпайдоштаи бӯҳрони молӣ хизмат намояд», - гуфтааст С.Приходко.

            Ба гуфтаи С.Приходко, дар нишасти ЕврАзЭС баррасии масъалаи таъсиси Маркази байнулмилалии фанновариҳои навтарин дар чаҳорчӯбаи иттиҳод низ ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои ёвари президенти Русия, сарони кишварҳо тасвиби санадеро аз рӯи натиҷаҳои нишаст дар назар надоранд.

            Нимаи дуввуми ҳамин рӯз нишасти сарони кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ доир мегардад .Дар нишасти созмон баррасии масоили пеш гирифтани чораҳои ташкили Нерӯҳои муштараки зудамали созмон, қабули буҷаи СААД барои соли ҷорӣ, таъини санаи баргузории ҷаласаи оянда ва масъалаи дабири кулли созмон ба нақша гирифта шудааст. Феълан Николай Бордюжа ба ҳайси дабири кулли созмон ифои вазифа мекунад. Ба ҳайати СААД кишварҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд.

Маълумотнома: Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Феълан Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ба ҳайти ЕврАзЭС шомил мебошанд. Ӯзбекистон моҳи январи соли 2006 ба иттиҳод   ҳамроҳ гардид, вале ахири соли 2008 эълом дошт, ки узвияти худро дар иттиҳод бозмедорад.

Молдова, Украина, Арманистон ва Бонки рушди авруосиёӣ дар назди иттиҳод мақоми нозирро доранд. Шурӯъ аз соли 2003 ЕврАзЭС дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони байнулмилалӣ ба қайд гирифта шуда, дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозирро соҳиб гашт.