Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи натиҷаҳои қаблии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 8-уми феврал баргузор гардид, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев бо касби 91,1 дарсади овози интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овардааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии мамлакат Муҳибулло Додоҷонов хабар дод, ба ҷонибдории Катаев аз 55 ҳазору 393 интихобкунанда, 50 ҳазору 447 нафар овоз додааст. Ин дар ҳолест, ки ба тарафдории рақиби Катаев - Додихудо Абдуллоев аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
3 ҳазору 765 нафар ё худ 6,7 дарсади овоздиҳандагон райъ доданд.
Ёдовар мешавем собиқ вакили Палатаи поёнии парлумони мамлакат аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино - Каримҷон Қодиров моҳи ноябри соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2025
“Дар оянда бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”. Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Ҳошим Гадо 88-сола шуд
Робот ва ҳуши маснӯӣ дар хидмати ҳоҷиён. Имсол Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ чӣ навоварӣ кард?
Абдулмаҷид Достиев - ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён
Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад
Сокинон худро аз хокбориш чӣ гуна ҳифз мекунанд?
Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста