Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи
XII
-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб ва ва полиграфия ба кор шурӯъ мекунад.
Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ба баррасии масоили беҳбуди роҳандозии нашри китоб ва қабули лоиҳаи Баёния оид ба дастгирии нашри китоб дар кишварҳои узви ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаи омодагиҳо ба баргузории Озмуни VI-уми байнулмилалии «Санъати нашри китоб» табодули афкор хоҳанд кард.
«Масъалаҳои таъсиси мақомоти нашри ИДМ ва таҳияи созишнома дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати мубодилаи маҳсулоти чопӣ байни кишварҳо низ мавриди муҳокимаи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», - афзуд А.Юсуфов.



Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста