Конибодом. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дирӯз ба ноҳияи Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои таъмир дар пойгоҳи обкашии Ҷигадалик ва рафти киштукори баҳорӣ дар ноҳия шинос шуд.
Ӯ ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз муассисаҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои ба номи Лоҳутӣ ва Ҳамробоев аз наздик ошно гардида, бо фаъолони ноҳия ҷаласа доир сохт.
Қ.Расулзода фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои таъҷилӣ баҳри таъмини муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, дубора барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмони мактабҳои нав, корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, гармхонаҳо ва дигар иншооти таъиноти фарҳангиву маишӣ ба мақомоти дахлдор супоришоти мушаххас дод.
Раиси вилоят мақомоти марбутаи ҳукумати вилоятро вазифадор кард, ки барои ҷудо кардани маблағ ҷиҳати таъмири асосии театри мусиқӣ ва драмавии шаҳри Конибодом нақшаи хароҷоти онро тахия созанд.



Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста