Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 12 – уми март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» - ро муҳокима карданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо барои соли 2011, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми феврали соли 2011 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар қонуни мазкур ба 9 моддаи он лоиҳаи тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ва моликияти зеҳнии ҳуҷҷати Созмони умумиҷаҳонии савдо, яъне махфӣ нигоҳ доштани маълумоти зарурӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.
Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрии ӯ бо геологҳои кишвар моҳи декабри соли гузашта садо дод, аз ин ба баъд Рӯзи геологҳо, ки қаблан ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи апрел таҷлил мегардид, акнун рӯзи 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи он воридгардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста