Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов аз вазифа озод карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 9-уми март ба имзо расида, вазифаи муовини вазири молия, ки Ҷамщед Норинов ишғол мекард, алҳол холӣ аст.
Ҷамшед Норинов муовини раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Рӯзи сешанбе раиси вилояти Суғд муовини нави худро ба дастгоҳи ҳукумати вилоят муаррифӣ кард.
Маълумотнома: Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14-уми декабри соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
солҳои 1983-1988 – нозир-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Қӯрғонтеппа;
солҳои 1988-1990 – нозир-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар ноҳияи Коммунистӣ;
солҳои 1990-1993 – сарнозир-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Қӯрғонтеппа;
солҳои 1993-1994 – муовини сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон;
солҳои 1994-2001 – сардори Раёсати назорат ва тафтишоти Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон;
солҳои 2001-2006 – сардори Раёсати назорати давлатии молиявии Кумитаи назорати молиявии ҶТ дар вилояти Хатлон;
Аз соли 2006 то 9-уми марти соли 2011 – муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.




Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста