Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар вохӯрӣ роҳҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва БАТР, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди мутақобиларо ҷонибҳо дар бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, аз ҷумла соҳаҳои гармидиҳӣ (таъмиру таъвизи хатҳои интиқоли гармӣ), нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва рушди чароғонкунии кӯчаҳо маънидод намуданд.




