Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 24-уми апрел бо намояндагони шарикони рушди кишвар мулоқот кард.

Дар ин вохӯрӣ Ҳамоҳангсози кишварии СММ Сезин Синаноғлу, сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс иштирок карданд.

“Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии он ба кишвар табодули назар карданд”, - хабар додааст ВКХ ҶТ.

Дар ҳамон рӯз конфронси видеоии Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирону консулони генералии Тоҷикистон дар Афғонистон, Покистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва Олмон баргузор шуд.

Дар он натиҷаҳои машварати видеоӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, ки 7-уми апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, баррасӣ шуданд.

Зимнан гузоришҳои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар бораи корҳои анҷомшуда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои марказ шунида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.