Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” субҳи имрӯз 213 нафар ҳамватанони хориҷшуда, инчунин 28 ҷасади шаҳрвандони бо сабабҳои гуногун дар Русия ҳалокшударо аз Маскав ба Душанбе овард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 213 шаҳрванди Тоҷикистон дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд.

Бо ин парвоз инчунин маводди доруворӣ ва муҳофизатӣ бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Русия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Зикр мешавад, ки роҳбарияти давлат ва ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони кишвар, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба ватан солим баргардонад.

“Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси Ковид-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд”, - қайд мешавад дар хабари Вазорат. 

Гуфта мешавад, дар ин росто тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии Ковид-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои лозим барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳар чи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” бобати дар куҷо ба карантин ҷойгир кардани шаҳрвандони ба ватан бозгашта маълумот надоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.