Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ  ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин созишнома моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ба имзо расида буд.

Дар созишнома ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Порис (Париж), инчунин бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисони авиатсияи гражданӣ, ҷалби онҳо ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Академияи авиатсионии шаҳри Тулуза пешбинӣ гардидааст.

Дар созишнома инчунин ҷалби коршиносони фаронсавӣ ба Тоҷикистон барои гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, табодули маълумот, таҷриба ва ғайра зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз Душанбе метавон бо транзит тариқи кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ, ки Тоҷикистон бо онҳо хатсайрҳои мустақими дорад, то Порис расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.